(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Эътимод ба ҷавонон

Ҳамдиёрони гиромӣ, ҷавонони саодатманди диёр!

Ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол рўзи 23-юми май Рўзи ҷавонон эълом гардидааст ва ба ин муносибат тадбирҳои зиёди идона андешида, амалӣ карда мешаванд. Ба ин муносибат кулли ҷавонон ва сокинони сарбаланди шаҳрро бо Рўзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям, барояшон таҳсили хубу аъло, тарбияи неку шоиста, барори кору осудагии рўзгор хоҳонам.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояшон бо ҷавонони кишвар иброз кардаанд, «Ҷавонони мо давомдиҳандагони фаъолияти насли калонсол, нерўи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати ҳукумат боқӣ мемонад».
Кишвари соҳибистиқлоли мо ба сўи ояндаи босубот қадамҳои устувор мегузорад ва дар ин раванд таваҷҷўҳ ба қишри ҷавони ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Воқеан ҳам, ҷавонони ғаюру шуҷои мо ин масъулияти хешро хуб дарк мекунанд ва дар эъмори давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саъю талош меварзанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ҷавонони донишҷўву ихтироъкор, ватандўсту меҳанпарвар, соҳибкору варзишгар, мутахассису ҳунарманд ифтихор мекунад ва ташаббусҳои созандаи ононро ҷонибдорӣ мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд, ки “Хизмат кардан ба Ватан, аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад».
Таъсис ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурўғи маърифат” ва амсоли он маҳз барои рушди зеҳнии наврасону ҷавонон, санъатдўсту зебоипараст тарбия кардани онон, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи онон, кашфи истеъдодҳо равона гардидааст.
Таъсиси идрори Президенти кишвар, Раиси вилоят, Раиси шаҳр барои мактабиёну ҷавонони доништалабу фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳар сол дар остонаи Рўзи ҷавонон сазовортарин ҷавонон ба гирифтани ин гуна идрорҳо шарафёб гардида истодаанд.
Мо бо ҷавононе, ки имрўз дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии сатҳи шаҳриву вилоятӣ, ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуда истодаанд, ифтихор мекунем ва барои дастгирии минбаъдаи онон талош меварзем.
Рўзи ҷавонон чун ҳамасола бо ташкил ва баргузории силсилаи чорабиниҳо бо иштироки васеи наврасону ҷавонон дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида мешавад.
Ҷавонони шаҳри Хуҷанд чун фарзандони асили миллат марзу буми Ватани азизи худро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунанд, ба қадри ин кишвари биҳиштосо мерасанд, барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ заҳмат мекашанд ва бо кору пайкори хеш идомаи неки падарони шуҷоу модарони арҷманд мегарданд.
Рўзи ҷавонони Тоҷикистонро ба кулли мардуми шаҳр, ҷавонон ва наврасон бори дигар шодбод мегўям. Бигузор шаҳру кишвари мо ҳамеша дар саргаҳи сулҳу амонӣ, пешрафту тараққиёт қарор дошта бошад ва ваҳдати ҷавонон пойбарҷо бимонад.
Рўзи ҷавонию баҳори зиндагонӣ муборак, ҳамдиёрон!

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...