23 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони маъюбу камбизоати шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аёдат ва ба эшон ҳадяҳои идона тақдим карда шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки бо ҳидоятҳои раъиятпарваронаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумо ҷавонон ҳамеша зери парастиш ва таваҷҷуҳи хоса қарор доред. Имрӯз рӯзи ид аст, шодиву хурсандӣ намоед. Мусаллам аст, аёдати бечорагон, барҷомондагон, ятимону маъюбон, оилаҳои бепарастору камбизоат ва дигар ниёзмандон дар рӯзҳои ид савоби бештар дорад. Аз ин лиҳоз мо ба манзили шумо омадем.
Ҳамин тавр, Ризвон Латифов, сокини маҳаллаи “Тути калон”, маъюби фалаҷи майнаи сар, Азиза Шамсиева, бошандаи маҳаллаи “Ҷаббор Расулов”, маъюби гуруҳи дуюм, Рухшона Абдурашидова, истиқоматкунандаи маҳаллаи “Сирдарё” маъюби фалаҷи майнаи сар ва дигарон аёдат карда шуданд.
Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, зикр намуданд, ки мо ҳеҷ гоҳ худро танҳою бекас ҳис намекунем. Диламон пур аст, ки Пешвои ғамхору мӯнис ва роҳбарони оқилу саҳоватпеша дорем. Хайру эҳсонатон ба рӯзгоратон барака орад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд