23 Май 2024
Дар маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ тибқи нақша –чорабиниҳои прокуратураи шаҳр мулоқоти прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси Суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷӯрахон бо донишҷӯён ва устодони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.
Алимат Мавлонзода директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки ҳадаф шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва дастуру нишондодҳои Пешвои муаззами миллат зимни мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9-уми марти соли ҷорӣ сурат гирифт, мебошад.
Сипас, прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлилу баррасӣ гардида, дастовардҳо ва нақшаву дурнамои фаъолият ба таври мушаххас нишон дода шуданд. Муҳайё намудани ҳаёти осоишта ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳадафҳои умдаи давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Маҳз тадбирандешии саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, ки сатҳу сифати зиндагии мардуми мо сол ба сол беҳтар мегардад. Президенти ҷумҳурӣ таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳуриро нигоҳ дошта, соли 2024 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи назаррас таъмин намояд.
Дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Сол ба сол ҳаҷми нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулиҳо, таҳкими фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар меафзояд. Соли 2023 низ ин раванд идома ёфта, ба ин самт 4,3 миллиард сомонӣ равона шуд. Бо мақсади таъмини минбаъдаи шароити мусоиди зиндагии ин қишри ҷомеа Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ишора намуданд, ки «то охири соли 2024 ба шаҳрвандони эҳтиёҷманди ҷумҳурӣ, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявӣ пардохт шавад ва бо ин мақсад маблағҳои фонди президентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шаванд».
Зимнан, Президенти мамлакат ба вазъи ноороми ҷаҳон таваҷҷуҳ намуда, бори дигар ҳушдор доданд, ки таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди мамлакатҳо шиддат гирифта, оғози марҳалаи «ҷанги сард» муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳоро халалдор намуд. Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо корбурд аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо истифода аз роҳу василаҳои мухталиф барои гумроҳсозии ҷавонони ноогоҳ ва ҷалби онҳо ба сафҳояшон пайваста талош менамоянд. Аз ин рӯ, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ фаъолияташонро ҳамоҳанг созанд.
Прокурори шаҳри Хуҷанд вобаста ба мулоқоти Президенти мамлакат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар низ андешаронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки ҳарчанд дар кишвар бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, вале ҳолатҳои шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳанӯз ба назар мерасанд. Дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ гардидааст.
Дар ин давра бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, сафарбар гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, нигарониҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён овард.
Тибқи маълумоти фаврӣ зиёда аз ҳазор нафар шахсоне, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардидаанд. Шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманонаро ворид месозанд. Чунончи, намояндагони равияи «Салафия» ба мазҳаби ҳанафӣ ва асосгузори он Имом Абӯҳанифа назари манфӣ ва ба исмоилия, ки мазҳаби таърихии як қисми аҳолии бумии кишвар мебошад, муносибати хеле хусуматомез доранд.
Роҳбари Давлат изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар ҳоле, ки аксар кишварҳои исломии ҷаҳон босуръат рушд карда, бо омӯзиши илмҳои муосир ҳатто барои фатҳи кайҳон кӯшиш менамоянд, дар ҷомеаи мо гароиши баъзе шаҳрвандон ба хурофотпарастиву ифротгароӣ ва таҳсилоти ғайриқонунии динӣ афзоиш ёфта истодааст.
Дар давраи аз соли 2020 то соли 2023 дар кишвар 680 ҳолати ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифтани 5000 нафар таълимгиранда ошкор карда шудааст. Танҳо соли 2023-юм 300 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва ҷалби беш аз 4100 нафар пешгирӣ карда шудааст, ки аз вусъати раванди мағзшуйии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дарак медиҳад. Дар ин давра аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 520 нафар ходимони дин барои чунин қонуншиканиҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар 10 соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1320 ҷинояти монеъ шудани волидайн ба гирифтани таҳсилоти миёнаи асосии фарзандон ошкор гардидааст. Мутаасифона таълими ғайриқонунии динӣ дар бисёр ҳолатҳо боиси дар шуури таълимгиранда ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва минбаъд даст задани ӯ ба амалҳои экстремистиву террористӣ мегардад.
Бахтиёр Нозимзода, прокурори шаҳри Хуҷанд чанд мисолҳоро аз парвандаҳои ҷиноятӣ, ки муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”ро вайрон намудаанд, оварда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ба муқаррароти қонунҳои миллӣ арҷ гузоранд, зеро ҳар як моддаи он ба манфиати имрӯзу ояндаи шаҳрвандон нигаронида шудааст.
Дар мулоқот иҷрокунандаи вазифаи Раиси Суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷӯрахон низ баромад карда, аз ҷумла зикр дошт, ки “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми муҳим ва арзишманд буда, метавонад дар такмил ва танзими қонунгузории мамлакат, баланд бардоштани донишу тафаккури ҳуқуқии шаҳрвандон, қонуният, баробарӣ ва адолат асоси воқеӣ гузорад. Маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад. Ин омиле аст, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсир мерасонад. Яке аз унсурҳои маърифати ҳуқуқӣ риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯза қарор додани меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ аст, ки ин сабаб мегардад маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳ расад. Ҳамзамон сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарорандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд.
Мулоқот бо суолу ҷавоб ва пешниҳодоти мушаххас анҷом ёфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд