23 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар майдони назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовинони Раиси вилоят, ҷавонони фаъол ва шаҳрвандони касбу кори гуногун бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ сурат гирифт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони саодатмандро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки яке аз санаҳои муҳимми таърихи кишвари соҳибистиқлоламон мебошад, самимона табрику муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки таҳти роҳбариву раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхории махсус зоҳир гардида, ба хотири дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор мекунем, зеро онҳо бо иштироки фаъолонаи худ дар ҳамаи соҳаҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан саҳми арзишманд мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”. Ин нукта маънои онро дорад, ки дар замони мо ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон саҳми муҳим мегузоранд.
Иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат корҳои муайянро ба сомон мерасонад. Аз ҷумла, сохтмони иншооти иҷтимоиву варзишӣ, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҷудо гардидани грантҳо, татбиқи имтиёзҳо барои мутахассисони ҷавон, таъсиси стипендияи Раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷудо гардидани мукофотпулиҳо барои варзишгарони муваффақ, мукофотонидани хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои сазовор мешаванд, шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.
Дар баробари ин, баҳри иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонон дар вилоят Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2022-2026, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар вилояти Суғд барои солҳои 2023-2027, Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2023-2027, Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026 ба тасвиб расида, дар маҷмӯъ барои амалигардии ин барномаҳо дар соли 2024-ум беш аз 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.
Илова бар ин, бо мақсади ҳавасамандгардонии ҷавонон – донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёнаи касбии вилоят стипендияи Раиси вилоят дар давоми соли 2024 аз 130 адад ба 250 адад расонида шуда, ҳаҷми малағи он як баробар изофа карда шуд, ки аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шаҳодат медиҳад.
Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ таваҷҷӯҳ ба рушди варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад.
Қобили зикр аст, ки соли равон дар чорабиниҳои варзишӣ 450 медал, аз ҷумла 135 медали тилло, 155 медали нуқра ва 160 медали биринҷӣ насиби варзишгарони вилоят гардид.
Раиси вилоят ба ҷавонони саодатманди кишвар саломативу сарбаландӣ орзу карда, изҳори боварӣ намуд, ки ҷавонон минбаъд низ дар пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи ватандӯстона манзур гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд