Ҷаласаи Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид
21 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, иттилоъ дод, ки дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи кории Ситоди байниидоравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои мухталифи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, тарғиби худшиносӣ, ташвиқи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, баланд бардоштани сифати таълими тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, равнақи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ҷараён дошта, он ҳамарӯза дар Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар шаҳри Хуҷанд таҳлилу баррасӣ шуда истодааст.
Сипас сардори Ситоди байни идоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилояти Суғд, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Нозим Иброҳимзода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паём аз 28 декабри соли 2023 таъкид карданд, ки “ Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрўза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем”.
Аз ин лиҳоз ҳар яки мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рўҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ тарбия намоем, мардумро аз мазмуну аҳамияти маърифати ҳуқуқӣ воқиф ва барои риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда даъват намоем. Ҳамчунин дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ ҷаҳд намуда, бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарафзо, яъне ифротгароиву терроризм сарҷамъона мубориза барем ва дар кишвар волоияти қонунро таъмин намоем.
Сардори Ситоди байни идоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилояти Суғд, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Нозим Иброҳимзода ба гуруҳҳои корӣ дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳои таҳиягардида, кӯшиш намоянд.
Дар ҷараёни ҷаласа сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов низ баромад карда, аз раисони маҳаллаҳо даъват ба амал овард, ки ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ, бахусус мубориза алайҳи хурофотпарастӣ бо нозирони минтақавӣ ва гуруҳҳои корӣ ҳамкориро ба роҳ монанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мулоқотро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мардуми Хуҷандшаҳр барои дар амал татбиқ намудани нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри татбиқи ҳадафҳои эълон гардидаи соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода саъю кўшиш намуда, ҳама якҷоя бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободонию созандагиро боз ҳам вусъат медиҳем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд