21 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Шукри беандоза мекунам, ки дар оғӯши кишвари соҳибистиқлоли худ, оғӯше ,ки аз он бӯйи сулҳу ваҳдат меояд, зиндагӣ дорем. Инчунин, шукр аз он мекунам, ки чунин сарвари зираку доно, меъмори кохи сулҳу ваҳдат, сиёсатмадори шинохта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар тахти сиёсии кишварамон дорем. Шукргузорӣ мекунам, ки фазои кишвари мо орому ҳавояш беғубор аст.
Ҳоло бошад ҷомеаи ҷаҳониро амалҳои номатлуби гурӯҳҳои ифротгаро ба таҳлука овардааст. Терроризм ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ аз қабили ҷинояти махсусан вазнин буда, паёмадҳои он ба иқтисодиёт, сиёсат, идеология ва ҳуқуқ хатарнок аст. Террористон дар фаъолияти худ воситаҳои гуногуни техникӣ ва яроқҳои марговарро истифода мебаранд. Мақсади ин бадкорон ғорат, қатл, куштор ва таҷовуз ба номус мебошад.
Тоҷикистон низ аз доираи назари террористону экстремистон дур намондааст. Ҳатто, зумрае аз онҳо бархоста аз дохили мамлакатанд, ҳамонҳоеанд, ки бар Ватан хиёнат кардаву баҳри манфиатҳои худ ва ғаразҳои шахсиву гурӯҳиашон даст ба омоли шармандавору зиёновар ба халқи кишвар задаанд.
Тоҷикистон сол то сол пеш меравад, ободу зебо мешавад ва ин худ ҷавоби сазоворест ба кулли бадхоҳони Ватани маҳбуби мо.
Кибриё Абдураҳмонова,
мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд