14 Май 2024
Ҳамдиёрони гиромӣ, оиладорони арҷманд!
Ҳар сол санаи 15-уми май дар саросари ҷаҳон Рўзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад. Ин санаи муборак барои аҳли кишвари мо низ рӯзи муборак аст, зеро дар ин рӯз заҳмати оиладорон, масъулияти неки онҳо дар таълим ва тарбияи фарзанд ыадр мегардад. Ба ин муносаби кулли сокинони шаҳрро ба Рӯзи оила табрику таҳният мегӯям, барои оилаҳо пойдориву саодатмандӣ хоҳонам.
Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз оила сарчашма мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки «давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».
Зиндагии инсон маҳз дар оила оғоз меёбад, маҳз дар оила муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубониро меомӯзад. Дар оила ҳамчунин муошират кардан ва бо ҷаҳони берун шинос шудан ёд дода мешаваду шинохти анъанаҳо ва аз насл ба насл мерос гузоштани онҳо низ аз оила маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст.
Оила рукни асосии ҷомеа маҳсуб меёбад ва аъзои он бо солимиву фаъолнокии худ ба ҷамъият ва давлат нафъи зиёд меоварад. Оила ва оиладорӣ пеш аз ҳама дар асоси ишқи пок ва садоқату вафодорӣ устувор аст. Дар зиндагии оилавӣ сабру таҳаммул ва муросову таҳаммулпазирӣ мавқеи муҳим дорад.
Мо, тоҷикон соҳиби анъанаи хуби оиладорӣ мебошем, ки он ҳамаи масоили марбут ба оила ва муносибату муоширати байни аъзои оиларо дар бар мегирад, ки риояи он имкон медиҳад, оилаҳои босуботу пойдор ва хушбахт бештар шаванд. Яъне ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад.
Мустаҳкаму пойдор гардонидани оила боиси устуворию пурқувватии давлату миллат ва ҷамъият буда, тавассути оилаю оиладорӣ мо метавонем, беҳтарин анъанаю одатро идома дода, худшиносии миллиро дар дили аҳли ҷомеа, алалхусус ҷавонон ҷойгир намоем.
Қобили тазаккур аст, ки Ҳукумати мамлакат ба фаъолияти занону ҷавонон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияву дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар пойдориву устувории оила таъкид шудааст. Волидайни гиромӣ, бахусус, занону модарон дар пойдориву сарҷамъии оила маыом ва масъулияти калон доранд. Яъне модарон гармнигаҳдорандагони муҳити оилавӣ мебошанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар навбати худ ҷиҳати таҳкими оилаву оиладорӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад.
Таманнои онро дорам, ки бигзор оилаҳои мо солиму устувор, давлатамон тавоною миллатамон сарбаланду пойдор, фарзандонамон солиму некбахт бошанд! Бигузор сулҳу ваҳдати комил пойбарҷо бошад ва оилаҳо дар мулки тинҷу обод, зери ливои парафшон зиндагӣ ба сар баранд.
Рӯзи арҷгузорӣ ба Оила муборак, ҳамдиёрони азиз!