13 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки довталабон ва ҳайати ҳакамот даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.
Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд назди иштирокдорон баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони кишвар соли ҷорӣ низ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Таъкид шуд, ки ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории Озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2024 ба Низомномаи Озмун тағйироту навгониҳо ворид карда шуданд. Номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон ба номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ табдил дода шуд. Ин номинатсия яке аз фаъолтарин бахшҳои Озмун ба шумор рафта, довталабон асосан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Ба ин хотир, ҷиҳати бештар ҳавасманд намудани кӯдакону наврасон номинатсияи мазкур ба 3 гурӯҳ ҷудо мешавад.
Бо дарназардошти хусусиятҳои синнусолии кӯдакону наврасон барои дарёфти Шоҳҷоиза, ки хондан ва аз бар намудани 70 фоизи осори назмию насрӣ аз рӯйи 4 номинатсия ба онҳо душвор буд, Шоҳҷоиза аз як адад ба чор адад зиёд карда шуд.
Шумораи ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба 126 нафар ва барандагони Шоҳҷоиза 4 нафар зиёд гардида, 130 нафар ғолибро ташкил медиҳад.
Тибқи дастури Пешвои миллат соли ҷорӣ низ барои иштирокчиёни даври чумҳуриявии Озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он, довталабони даври чоруми Озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.
Бо дарназардошти тағйироти воридгардида маблағи умумии мукофоти Озмун 4 570 000 (чор миллиону панҷсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 695 000 (шашсаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ зиёд пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон ғолибони озмун аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят қадршиносӣ карда мешаванд.
Сипас дар синфхонаҳои алоҳида тибқи номиннатсияҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» санҷиши дониши довталабон оғоз гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар даври аввали озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз шаҳри Хуҷанд 9034 нафар иштирок намуда, ба даври шаҳрии озмун 1411 нафар роҳхат гирифтанд, ки нисбати соли гузашта теъдоди иштирокчиён 471 нафар зиёд гардидааст.
Ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба даври вилоятии он роҳхат хоҳанд гирифт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд