07 Май 2024
Имрўз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Иди Ғалаба якчанд нафар ашхоси дар ҷабҳаи ақибгоҳи ҶБВ хизматнамудаи шаҳр ва собиқадорони меҳнат аёдат карда шуданд.
Ба аёдатшудагон Маҷид Ширинов, Қутфинисо Раҳмонова, Самия Азизова, Фотима Шукурова кӯмакпулии якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд ба маблағи 4000 сомонӣ, кӯмакпулии Раиси шаҳри Хуҷанд ба маблағи 2000 сомонӣ ва маводҳои ниёзи аввалияву тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сӯҳбати самимӣ бо ашхоси дар ҷабҳаи ақибгоҳи ҶБВ хизматнамудаи шаҳр эшонро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил, сарбаландӣ, саодати рўзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осударо таманно намуд.
Таъкид гардид, ки омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат баробари нигоҳубину парастории ашхоси дар ҷабҳаи ақибгоҳи ҶБВ хизматнамуда инчунин, ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт ҳамасола кумак ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар ин рӯз ҳамзамон Корманди Хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали “Нишони фахрӣ” гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Ахмедов низ аёдат карда шуд.
Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд