04 Май 2024
Тибқи нақшаи муштараки воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар МТМУ №16-и шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ” мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагон шуъбаи маориф, шуъбаи кор бо занон ва оила, тандурустӣ ва ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, маданияти шаҳрдорӣ, пешгирии барҳамхўрии оилаҳо ва маданияти либоспўшӣ, саҳм гузоштани сокинон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, инчунин риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи ўҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», доир ба рафти иҷрои Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2017-2020» ва 12 ноябри соли 2016, №766 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” маърӯзаҳо намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд