04 Апрел 2024
Имрӯз баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Аз ҷумла, Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ҳокимлики шаҳри Аркадаги Туркманистон дар бораи ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расид.