(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода бо сокинони маҳаллаҳои Тути калон, Хуҷанд ва Бофанда баргузор гардид.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки ҳадафи мулоқоти мазкур шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳияти мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки чанд рӯз қабл дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе сурат гирифт, мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст. Мо худ шоҳид будем ва хуб дар ёд дорем, ки тамоми фоҷиаҳои солҳои 90-ум дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда сар заданд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи андешаву назари донишмандони маъруфи улуми исломӣ хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом робитае надорад.
Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд. Имрӯз барои касе пӯшида нест, ки маркази як қатор ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷойгир аст. Инчунин, аксари ҷангҳое, ки миёни кишварҳо ба вуқӯъ меоянд, ба ин ё он тарзе ҷангҳои мазҳабӣ мебошанд. Дар онҳо дасти душманони дини мубини ислом ва уммати мусулмон ҳаст.
Солҳои охир вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳои худ, азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст, вазъи мураккаби дар пайи пандемияи КОВИД – 19 бавуҷудомада, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он – хушксоливу камобӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯйинашаванда гардонида истодааст.
Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби сокинони маҳаллаҳои Тути калон, Хуҷанд ва Бофанда ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суолу дархот ва пешниҳодот судманд ироа карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода ва раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Пӯлотова иштирок ва суханронӣ намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...