(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншоот шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи иншооти нав иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии вазорат аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, лоиҳа бо назардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ омода гардидааст. Ҳамчунин тибқи лоиҳа, иншоот дорои бинои алоҳидаи дуошёна буда, дар он ошхона бо 420 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳи барҳаво бо 640 ҷойи нишаст бунёд хоҳад ёфт, ки тариқи роҳрав ба бинои асосӣ пайваст мегардад.

Дар бинои нав сохтмони 4 лифт дар назар дошта шуда, барои кормандони вазорат ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, толорҳои машваратӣ бо имконияти васеъ ва технологияи муосири соҳавӣ бунёд мешаванд. Сохтмони бинои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  на танҳо барои кормандони дастгоҳи марказии вазорат шароиту имконияти муосири корӣ фароҳам меорад, балки дар дохили он зерсохторҳои ниҳоди мазкур низ ҷойгир мешаванд, ки чунин тарҳрезии лоиҳа ба таъмини сифатноки кор, пешбурди фаъолият мутобиқ ба талаботи замон мусоидат менамояд.

Аз ҷумла, пас аз анҷоми сохтмон дар таҳхонаи бино маркази чопи нашрияҳо, ҳуҷраҳои техникӣ ва ёрирасон ҷойгир мешаванд. Дар бинои нав ҳамчунин Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,  Корхонаи воҳиди давлатии “Маърифат”, Корхонаи воҳиди давлатии “Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе”, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва дигар сохторҳои зертобеи вазорат, ки ҳоло дар ҳар гӯшаву канори шаҳр фаъолият доранд, ҷой дода мешаванд. Ин тадбир ба беҳшавии  шарту шароити корӣ мусоидати назаррас менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ барои сохтмони иншоот 1,58 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, дар доираи ин тарҳ ҳамчунин сохтмони фаввораҳои зебову замонавӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт, айвончаҳои истироҳатӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд хоҳад ёфт.

Намои берунаи иншооти нав бо шаклу услуби хоси меъмории миллию ҷаҳонӣ тарҳрезӣ гардида, атрофи он низ тибқи лоиҳа зебову замонавӣ зиннат дода хоҳад шуд.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии авҷи корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе буда, ба фароҳам овардани шароити муосири корӣ ва зебову замонавӣ намудани ҳусни пойтахт мусоидат менамояд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муҳлати 3 сол ба истифода додани бино, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонии ватанӣ ҳангоми иҷрои корҳо ва таваҷҷуҳи хосса додан ба масъалаи сабзазоркуниву сарсабз намудани атрофи иншоот супоришҳои мушаххас доданд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...