05 Март 2024
Дар толори мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулин бо сокинони маҳаллаи “Қорираҳмат Қурбонов”-и шаҳр доир ба масоили доғи ҷомеа баргузор гардид.
Дар мулоқот Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Мунзифа Пӯлотова, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муҳоҷират, танзимни расму оин, дин ва дигарон баромад намуданд.
Таъкид шуд, ки ин мулоқот дар асоси нақшаи муштараки чорабиниҳои сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони шаҳр бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” сурат гирифта истодааст.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот аз сокинони маҳалла даъват ба амал овардашуд, ки ҷиҳати саҳми назаррас гузоштан дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву меҳанпарастӣ ва маънавиёти ҷомеа, андешидани тадбирҳо баҳри беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр - ободу зебо гардидани маҳаллаи худ ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, мусоидат намудан ба рушди соҳаи маориф, дастгирии моддиву маънавии муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр, ба ташаккули зеҳнии хонандагони соҳибистеъдод дар самти донишандўзӣ, саҳм гузоштан баҳри татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани ҳамагуна шаклҳои зўроварӣ дар оила, ташаккули муҳити солими оилавӣ, мусоидат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои оила ва ташаккули шахсиятҳои комил ва ғайра даъват ба амал оварда шуд.
Мулоқот дар фазои озоду ошкоро анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд