04 Март 2024
Дар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд даври мактабии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китобаст” баргузор гардид. Дар озмун беш аз 60 нафар довталабн иштирок карданд.
Таъкид шуд, ки озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.
Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор мешавад:
- адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
- адабиёти классикии тоҷик;
- адабиёти муосири тоҷик;
- адабиёти ҷаҳон;
- эҷоди назму наср.
Иштирокчиёни номинатсияҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
- хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);
- хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);
- донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ;
- омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.
Дар даври даври аввали озмун хонандагн фаъолона иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд