18 Февраль 2024
Недоступен ни однин перевод.
Шоми имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр бо масъулини нигаҳдории роҳ, коммуналӣ, хизматрасонии нақлиёти санитарӣ ва дигар мутасаддиёни ободонӣ Ситоди фаврӣ гузаронд.
Фирдавс Шарифзода баъди боздиди худ аз кӯчаву хёбонҳои шаҳри Хуҷанд бо масъулин ситоди фаврӣ гузаронида, ҷиҳати вусъатбахшии корҳо дар самтҳои мухталифи сарраёсати ободонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид шуд, ки фасли зимистон ҳоло ҳам ҳукмфармост ва шоми имрӯз барф борида истодааст, табиист, ки боридани боришоти зиёд то саҳар ба равуои бемамоният халал эҷод менамояд.
Масъулини нигаҳдории роҳҳо тибқи басти корӣ то саҳар тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро аз барф тоза намоянд ва мардум бояд саҳари солеҳон беосеб ба кору манзили худ расанд. Сохторҳои дахлдор бояд захираҳои маводи лағжиш дар кӯча ва хиёбонҳои шаҳрро вобаста ба реҷаи муайяншуда истифода намоянд ва дар сурати зарурат ба миён омадан самаранок истифода кунанд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати омодагӣ ба фасли зимистон беш аз 500 тонна маводи лағжиш захира ва ҳамарӯза 10 адад техникаҳои гуногун сафарбар карда мешаванд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд