17 Февраль 2024
Недоступен ни однин перевод.
Бахшида ба 31-юмин солгарди Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии баровардани Қушунҳои Иттиҳоди Шўравӣ аз хоки Афғонистон дар толори варзишии Муассисаи таълимии давлатии “Мактаб барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии “Ҳомии Ватан” бо иштироки ҷавонони синни тодаъватӣ баргузор гардид.
Мусобиқа тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист ва шуъбаи маорифи шаҳр, баргузор гардида, дар он зиёда аз 200 нафар ҷавонон дар ҳайати 14 даста аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти умумӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Мусобиқа аз рўи намудҳои тирпарронӣ, ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷокунии АК, кашидани вазн, ҳаво додани норинҷак ба масофа, давидан ба масофа, вазнбардорӣ ва тирҷойкунӣ ба тирдон гузаронида шуд.
Дар маросими ҷамхбастӣ собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони интернатсиолист, иштирокчиёни сохти конситутсионӣ, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва шуъбаи маориф иштирок намуданд.
Иброз карда шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ байни онҳо, санҷиши донишу малакаи ҷавонон, пешгирии ҷинояткориву қонунвайронкунӣ ва омилҳои номатлуб мебошад.
Дар натиҷа сазовори ҷойи I дастаи “Гимназияи №4”, ҷойи II дастаи “Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи М.С.Осимӣ” ва ҷойи III дастаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 гардиданд. Дар охир дар вазъияти тантанвӣ ба ғолибону ҷоизадорон мусобиқаи ҳарбӣ- варзишӣ Ҷоми сайёри Шӯрои иттифоқи ҷанговарони интернатсионалист, диплом, ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд