16 Февраль 2024
Недоступен ни однин перевод.
Имрўз дар асоси ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аҳли бошандагони “Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоии пиронсолон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд” аёдат карда шуда, ба онҳо дастархони идона густурда шуд ва туҳфаҳо тақдим гардид.
Таъкид шуд, ки сиёсати иҷтимоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз ҳама ба беҳбудбахшии рўзгори ашхоси яккаву танҳо, бесаробонмонда ва ниёзманд нигаронида шуда, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ қарор дода мешаванд. Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки соҳибватану соҳибдавлат ҳастем ва дар кишвари маҳбуби амну осоишта умр ба сар мебарем. Мо бояд Ватанамонро баробари модари худ ва мисли ҷонамон дӯст дорем ва онро ҳимоя кунем.
Бояд қайд намуд, ки дар «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд» наздик 60 нафар пиронсолону маъюбон ба ғамхорӣ фаро гирифта шудааст. Дар марказ пиронсолон ба таъмини иқомати домӣ, хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гиифта шуда, барои истироҳат, варзиш ва машғулиятҳои меҳнатӣ-табобатӣ шароитҳо муҳайё карда шудаанд.
Худи бошандагон низ изҳор намуданд, ки ин макон барояшон чун истироҳатгоҳ буда, миннатдориашонро барои муҳайё намудани чунин имконот ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд