15 Февраль 2024
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз дар МТУҒ«Мактаби Ирфон» машварати доимоамалкунандаи муовинони директор дар синфҳои ибтидоӣ баргузор гардид.
Дар машварат бо роҳбарии мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Қутфинисо Раҳматова, муовинони синфҳои ибтидоии макотиби шаҳр иштирок намуданд.
Нахуст муовинони сарвар оид ба синфҳои ибтидоӣ дар машғулиятҳои кушоди омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ ширкат варзиданд.
Ҳамин тавр, аз ҷониби омӯзгор Дилафрӯз Исмоилова аз фанни математика дар синфи 4 “а”, дарси забони англисӣ дар синфи 4”б” аз ҷониби омӯзгор Азиза Воҳидова, дарси забони модарӣ дар синфи 3 “а” аз тарафи омӯзгор Мавзуна Абдуллоева, дарси забони давлатӣ дар синфи 3”б” аз ҷониби омӯзгор Комила Сангинова, дарси соати тарбиявӣ дар синфи 3 “в” аз тарафи омӯзгор Муборак Ривачёва, дарси забони модарӣ дар синфи 2 “б”, аз ҷониби омӯзгор Раъно Ӯлмасова, дарси математика дар синфи 1 “а” аз тарафи омӯзгор Адиба Расулова, дарси табиатшиносӣ дар синфи 1”б”, аз ҷониби омӯзгор Манзура Холова, дарси математика дар синфи 1”б” аз тарафи омӯзгор Сурайё Анорова гузаронида шуд.
Машғулиятҳо бо истифода аз айёният ва дигар васоити муосири таълим гузаронида шуд. Дар дарсҳо хонандагон фаъолона ширкат варзида, мавзуъҳои пешниҳодшударо азбар намуданд.
Мушоҳидачиён дарсро таҳлилу баррасӣ намуда, фикру андешаҳои хешро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати омӯзиш баён доштанд.
Сипас, маърӯзаи муовини директор оид ба синфҳои ибтидоии МТУҒ «Мактаби Ирфон» оид ба «Мониторинги сатҳу сифати дониши хонандагон аз фанҳои таълимӣ» шунида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд