15 Февраль 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо ҳисси баланди ватандўстӣ, тақвияти худшиносӣ, дўстдории сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи якпорчагии он бо иштироки васеи меҳмонон ва хонандагону омўзгорон чорабинии ҳарбӣ-варзишии "Ватанпарвар" ташкил ва баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони комиссариати ҳарбӣ, Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шуъбаи маориф, ҷанговарони интернатсионалист, собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, падару модарони хонандагон ва дигарон ширкат варзиданд.
Дар мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ хонандагон аз рўйи шартҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла сафкашӣ, суруди сарбоз, ба қисмҳо ҷудо намудани яроқи оташфишон, тирпарронӣ, аз ҷой ҷаҳидан, сангбардорӣ, арғамчинкашӣ ва ғайра бо маҳорати баланди омдагию кордонӣ ва донишҳои омўхтаи ҳарбии хешро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ҳамчунин мусобиқаи тирпарронӣ байни хонандагон сурат гирифта беҳтаринҳо муайян шуданд.
Меҳмонон ба маҳорату истеъдод ва донишҳои омўхтаи муҳассилин баҳои баланд додаа, онро намунаи омўзиш ва тарғиби таҷриба дар дигар макотиби шаҳр арзёбӣ намуда, ҳамзамон таъкид намуданд, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Яъне афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.
Мо бояд шукрона ин давлату миллат намуда, дар канори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии сарзамини аҷдодиямон саҳмгузорӣ намоем.
Ба иштирокдорони беҳтарин тўҳфа ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд