12 Февраль 2024
Недоступен ни однин перевод.
10 феврали соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев хабар гирифт.
Зимни суҳбати самимӣ роҳбари вилоят устоди санъатро бо рӯзи мавлудаш табрик гуфта, аз саҳми ӯ дар тарғибу ташвиқ ва муаррифии санъати тоҷик ёдовар шуд.
Раиси вилоят ба Ҷӯрабек Набиев саломативу хонаободӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно кард.
Бояд қайд намуд, ки саҳми Ҷӯрабек Набиев дар рушди санъати тоҷик назаррас буда, хизматҳои устоди ҳунар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони баланди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва як қатор ҷоизаву ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шудааст.
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев барои дастгириҳои доимӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуд.