10 Февраль 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар муассисаи таълимии томактабии №15-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Мураббияи сол» баргузор гардид, ки дар он 31 нафар мураббиён аз кўдакистонҳои шаҳр иштирок намуданд.
Довталабони озмун аз рӯйи шартҳои “Дониш ва маҳорати касбии мураббия” , “Ташкил ва баргузор намудани мизи мудаввар тибқи мавзуъи пешниҳодшуда” ва “Кашидани расм аз руйи мавзуъи додашуда” маҳорати хешро нишон доданд.
Озмун аз ҷониби роҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳр ва ҳайати ҳакамон мушоҳида ва ғолибон муайян карда шуданд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи ташкили чунин озмун дарёфт ва муайян намудани мураббияҳои беҳтарин, ки дар асл эҷодкор ва дилбохтаи касби хеш мебошанд, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии мураббиён, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд