10 Февраль 2024
Недоступен ни однин перевод.
Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои шаҳрию вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бахшида ба 30 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеъи ҷавонон, бонувон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, аҳли фарҳанг таҳти унвони “Артиши миллӣ-пойдевори давлати миллӣ” ҳамоиш баргузор гардид.
Фирӯза Нуруллозода, муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ, аз ҷумла таъкид дошт, ки таъсиси Артиши миллӣ дар шароите, ки ҳам барои миллат ва ҳам барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон мушкилтарин лаҳзаҳо маҳсуб мешуд, пайки саодат ва умедворӣ барои расидан ба рўзҳои неку осоишта мебошад. Зеро ҳар лаҳзаву замон афроди хиёнатпешаву фирефташуда бо истифода аз неруҳои радикалию экстремистии хориҷӣ болои миллат ҳуҷумҳои мусаллаҳонаву идеологӣ бурда, хостори маҳви давлати ҷавон буданд. Вале Артиши миллии кишвар таҳти Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ба мардуми шарифи Тоҷикистон паёми иршод диҳад ва садои сулҳро ба оламиён бирасонад. Агар ба таърихи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои воқеӣ диҳем барои ҳар як инсони комил маълум мешавад, ки артиш душвортарин лаҳзаҳоро пушти сар намудааст, вале афсарону сарбозони матин руҳафтода нашуда ба ояндаи давлати худ бо некӣ назар намуда, қарзи фарзандии худро назди давлату миллат адо менамуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ташаккули ниҳодҳои ҳарбии кишвар, муҷаҳҳазгардонӣ, низому тартибот, таъминоти моддию техникӣ ва тақвияти пайвастаи он бо назорати пайваста ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи муҷаҳҳазгардонии имрўзаи Артиши миллӣ аз рўзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ намуда, марҳила ба марҳила устувору қавитар мегардад.
Сипас, дар ҳамоиш Аминҷон Шарифзода, намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Хуршеда Хоҷазода,сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд, Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва дигарон баромад намуданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ табъи сарбозон ва иштирокдорони ҳамоишро шод гардонид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд