(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altПарчам — рамзи истиқлолу сарсабзӣ

Ҳамшаҳриёни азиз, шаҳрвандони гиромӣ!

Дар кори иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон дар қатори дигар муқаддасоти кишвар Парчами давлатӣ муқаррар ва ба ин муносибат Рўзи таҷлили ин рамзи соҳибдавлатии мо тариқи қонун тасдиқ гардид. Инак, сиву як сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ливои Парчами давлатӣ пеш меравад ва сокинонашро дар рўҳияи арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти кишвар тарбия менамояд.

Ба муносибати ин санаи таърихӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо камоли эҳтиром ва самимият сокинон ва меҳмонони ин зебошаҳрро бо Рўзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод менамоям.

Воқеан, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо таваҷҷўҳ ва дар заминаи парчамҳои қадимии миллӣ, аз ҷумла, дирафши ковиёнӣ омода шудааст. Пўшида нест, ки интихоби рангҳои парчам тасодуфӣ нест. Ҳар яки он маънои амиқ дорад. Агар ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дўстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум бошад, ранги сафед – рамзи покӣ, фаровонии барфу кўҳҳои баланди кишвар ва бойигарии асосии мамлакат пахта аст. Ранги сабз – рамзи водиҳои сабзпўш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин, рамзи шукуфоии кишвар буда, инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора дар Парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлат ва соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Парчами Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои байналхалқӣ ҷилвагар менамояд. Дар бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои дунё парафшон аст.

Дарвоқеъ, парчам ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, таҷлил гардидани Рўзи Парчами давлатӣ дар қаламрави кишвар нишони садоқати имрўзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаландамон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ гашта, он метавонад дар замири ҳар фарди ватандўст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дўст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр кардаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми кўҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Дар ҷаҳони муосир ҳар давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рў, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ, аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад.

Бо назардошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худ-огоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастии насли наврасу ҷавон, тибқи дастури Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд майдони Парчами давлатӣ ҳанўз аз баҳори соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хуҷандиёни меҳнатқарину ватандўст бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар ва фазои орому осуда Парчами ватанро боло бардошта, дар рушди ҳамаҷонибаи соҳоти кишвар саҳм мегузоранд.

Итминони комил дорам, ки минбаъд низ ҳар фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарвари Хуҷандшаҳр ин анъанаи некро идома дода, бо донишу малака, дастоварду пешрафт обрўву нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи олам боло мебардорад.

Бори дигар Шумо, ҳамдиёрони азизро бо ҷашни муқаддас - Рўзи Парчами давлатӣ самимона шодбод гуфта, орзуманди онам, ки ливои миллат то ҷовидон парафшон бошад ва мардуми меҳнатқарину созанда бо заҳмату талошҳои ҳамешагӣ зиндагии шоиста дошта бошад.

Ҷашни муқаддаси миллӣ муборак, ҳамдиёрон!

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...