07 Ноябр 2014
Дар маросими ба озодӣ баромадани онҳо муовини вазири адлия ҷумҳурӣ- сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, генерал-лейтенант Изатулло Шарифзода баромад карда, чунин гуфт: ин авфе, ки нисбати шумоён бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст, боварӣ дорам, ки дигарбора шуморо аз роҳи хато бозмедорад ва дар ҳаёти ояндаи худ роҳи дурусти зиндагиро интихоб мекунед. Мавсуф ба занон муроҷиат карда гуфт: -ҷои шумо ин ҷо набуд. Шумо мебоист чун нигоҳдорандаи оташи меҳру муҳаббати хонадон назди фарзандону пайвандон бошед. Аммо, чӣ илоҷ, ки бо як рафтори беҷо ва беандешагии худ ба ҷазо гирифтор шудед. Боварӣ дорам, ин барои шумо дарси ибрат ва сабақи зиндагӣ хоҳад шуд.
Дар назди ба озодӣ баромадагон раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода низ баромад карда гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд омода аст, ки нисбати бо ҷои кор таъмин намудани онҳо кӯмак расонад. Нафароне, ки ҳунар надоранд, дар Марказҳои ҳунаромӯзӣ метавонанд, соҳиби касб шаванд. Албатт, дар ҳолатҳои вазнини зиндагӣ метавонанд барои кӯмаку мадад ба сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муроҷиат кунанд.