06 Ноябр 2014
Бинои нав аз ошхона, ҳуҷраҳои алоҳида иборат буда, ошёнаи дуюм бошад барои маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст, пешбинӣ шудааст.
Роҳбарияти хадамоти оташнишонии вилоят ба меҳмонон воситаҳои оташнишонӣ, наклиётҳои махсус, либоси оташнишононро намоиш доданд. Таъкид гардид,ки тамоми воситаҳои сӯхторхомушкунандагон аз Федератсияи Россия харидорӣ шуда, барои сари вакт бартараф намудани ва пешгирӣ намудани сӯхтор пешбинӣ гардидааст. Баъдан Вазири корҳои дохила Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати шахсии қисми низомии мазкурро бо 20 солагии Сарқонуни Тоҷикистон табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки афсарону сӯхторнишонон вазифаи дар наздаш бударо содиқона иҷро хоҳанд кард.