05 Ноябр 2014
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода гурӯҳи таҳлилгарону коршиносони чехро ба ҳузур пазируфта, таъкид намуд, ки беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ яке аз самтҳои афзалиятноки дурнамои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҳсуб меёбад.
Дар натиҷаи ҳамкорӣ ва гуфтушуниди пайвастаи шаҳрдорӣ бо Бонки Рушди Аврупо лоиҳаи мазкур рӯи кор омада, ин ташкилоти бонуфузи молӣ барои амалишавии лоиҳаи «Дастгирии таҷдиди системаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд» гурӯхи коршиносони чехиро барои омода намудани хулосаи ниҳоӣ ҷалб намудааст. Мувофиқи лоиҳа дар шаҳри Хуҷанд хизматрасонии автобусҳои замонавии миёнаҳаҷм ба роҳ монда хоҳад шуд.
Ҳайати коршиносон вазъи омодагии коргоҳхои нақлиётӣ, имкониятҳои худкифоягии онҳо дар сурати роҳандозӣ шудани нақлиёти ҷамъятӣ тавассути автобусҳо, вазъи экологӣ, шиддатнокии ҳаракати нақлиёт ва имконияти роҳҳои шаҳр(тамбашавии роҳҳо), дурнамои рушди соҳа барои 15 сол таҳлил хоҳанд кард.
Гурӯҳи корӣ давоми 26 ҳафта дар маркази вилоят фаъолият карда, натиҷаи кори худро ба Бонки Рушди Аврупо пешниҳод хоҳанд кард.
Баъди хулосаи ниҳоӣ дар нимаи аввали соли 2015 ба имзорасии созишномаи лоиҳаи зикргардида ва то интиҳои сол бошад, оғози лоиҳа дар назар аст.
Лозим ба ёдоварист,ки ҳоло барои сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд 1500 адад микроавтобусҳо аз рӯи 92 сайрхати минтақавӣ ва 20 сайрхати дохилишаҳрӣ хизмат мерасонанд.