8281
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
16 Сентябр 2023
Муҳтарам Раиси арҷманду гиромиқадр,
Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо арзи эҳтиром ва самимият Шумо - инсони мӯътабар, хоксору нексиришт, хирадманд ва роҳбари тавоною дурандешро ба муносибати Рӯзи мавлуди накӯ, оғози саҳифаи ҷадиду пурмазмуни зиндагии сурурбахшатон самимона табрику таҳният мегӯем.
Раиси муҳтарам, Шумо аз зумраи он инсонҳои садоқатпеша, заҳматқарин, ба Давлату миллат сарсупурда ҳастед, ки солиёни зиёд дар рушду нумуъи хоҷагии халқи мамлакат, бахусус пешрафти иқтисодиёту иҷтимоёт, фарҳангу маориф ва тиб ҳиссаи сазовор гузошта, ин соҳаҳоро бо дастовардҳои намоёнаш дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он борҳо муаррифии шоиста намудед.
Имрӯз кас ба роҳи бошарафи тайкардаи ҳаётиатон назар андохта, мебинад, ки Шумо воқеан ҳам дар татбиқи сиёсати фардоофарину созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳорату истеъдод ва кордонию раҳбарии худ нақши арзанда гузошта истодаед.
Натиҷаи чунин талошҳои Шумо аст, ки вилояти Суғд дар фаъолияти гуногунҷабҳаи хеш таҳти раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақиятҳои беназирро соҳиб шуда истодааст. Сатҳи зиндагии мардум боло рафта, имрӯз дар қаламрави вилоят ба муносибати 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди ҳазорҳо иншооти хурду бузург бомаром идома ёфта, ба ин васила ободонии шаҳру деҳот дар сатҳи ниҳоят баланд ба роҳ монда шуданд.
Бори дигар, Шуморо бо Рўзи мавлудатон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, муваффақияту комёбӣ, дастовардҳои тоза дар ҷодаи кору фаъолияти рўзмарра, саодатмандии комил, сарфарозии доимӣ ва накўиҳои беҳтарини зиндагиро орзумандем.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Хуҷанд
Шарҳ додан