05 Ноябр 2014
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҷеъ ба паҳлӯҳои эҷодиёти ин шоираи шаҳир маърӯзаи пурмӯҳтаво намуда, ӯро аз нобиғагони охири садаи ХХ ва аввали ХХI-и ҷаҳон номид. Аз хизматҳои шоистаи шоира дар рушду нумӯъи адабиёти тоҷик, хусусан назми миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ёдовар шуд. Роҳбари вилоят девони тозанашри Шоираи халқи Тоҷикистонро, ки бо сарпарастии МИҲД вилоят нав аз чоп баромадааст, ба Фарзона тақдим кард.
Маҳфили шеъри Фарзона ширу шакар шуд. Устодони санъати ҷумҳурӣ Ҳунарманди мардумии СССР Ҷӯрабек Муродов, Ҳунармандони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиеву Мастона Эргашева, Муродбек Насриддинову Афзалшоҳи Шодӣ, Хосияти Зарафшониву дигарон суруду таронаҳои дилангезро бар ашъори шоира Фарзона хонданд. Раиси ҷамъияти дӯстии олмонҳову тоҷикон дар Олмон доктор Александр Гейзер, коргардони маъруфи эронитабори Ҳоландия Маҳдии Ҷомӣ ихлосмандии худро ба ашъори Фарзона ва меҳру муҳаббати хешро нисбати эҷодиёти ӯ ироа доштанд. Нусхаҳои аввалини китоби тарҷумаи шеърҳои Фарзонаро ба забонҳои олмониву инглисӣ ба шоира тақдим намуданд.
Шогирдони шоираи маҳбуб, ки имрӯз худ ба дараҷаи устодӣ расидаанд, Абдуҷаббори Сурӯш, Нуралӣ Нур, Адиба, Гулноз бо хоҳиши шоира аз эҷодиёти худ шеър хонданд.
Ҳамсари шоира Толиби Озарахш низ бо ҳамроҳии писараш Ҳумоюн чанд шеъру таронаҳои дилангезро ба самъи ҳозирин расониданд.
Дар интиҳо Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона ба ташкилкунандагони ин маҳфил арзи сипос кард.