01 Сентябр 2023
Имрўз дар тамоми муассисаҳои таълимии соҳаи маорифи мамлакат, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд соли нави таҳсили 2023-2024 оғоз гардид ва ҳамагон чун анъана дар нахустин дарс суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш, ки соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара сурат гирифт, тариқи оинаи нилгун тамошо намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварда, донишҷўён ва устодони ин боргоҳи илмро бо оғози соли нави таҳсил табрику таҳният гуфт.
Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд намудаанд: “Дониши ҳар кас дар муайянсозии шахсияти ў маҳаки асосист, дониш зиндагии моро хушу гуворо, ҷомеаамонро пешрав ва фаъолиятамонро мунаввар месозад”.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа: ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Раиси шаҳр дар анҷоми суханронии худ ба кулли ҷомеаи меҳнатӣ ва муҳасилини донишгоҳ дар соли нави таҳсил бурдборию муваффақиятҳо орзу намуд.
Намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Темур Туйчизода низ иштирокчиёнро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ табрик намуд.
Сипас ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштирокчиён, корманду устодон ва донишҷӯёнро бо оғози соли нави таҳсил шодбош намуда, зикр кард, басо рамзист, ки имсол дар фазои бошукўҳи идона, ифтихор аз музаффариятҳои паёпай, рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, омодагиҳои рўҳафзо ва фараҳмандӣ аз корҳои созандагию бунёдкорӣ ба хотири истиқболи солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, соли нави таҳсили 2023-2024 оғоз меёбад.
Сипас ҳамагон суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш, ки соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара сурат гирифт, тариқи оинаи нилгун тамошо намуданд.
Роҳбари Давлат таъкид намуданд, ки таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Воқеан, илму дониш аз замонҳои хеле қадим то даврони мо неруи асосӣ ва воситаи пешбарандаи ҳар як ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистони мо ба ҳисоб меравад.
Зикр шуд, ки бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад.
Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, Ҳукумати мамлакат захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба ин самти муҳимтарини иҷтимоӣ равона карда, барои илму касбомӯзӣ ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон тамоми шароити заруриро муҳайё сохта истодааст.
Аз сӯи дигар, раванди афзоиши аҳолӣ моро водор месозад, ки барои сохтани мактабҳои наву замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимии мавҷуда, бо шароиту таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани онҳо ва муҳимтар аз ҳама, мунтазам беҳтар гардонидани имкониятҳои моддии аҳли маориф, яъне ғамхорӣ дар ҳаққи устодону омӯзгорон чораҳои зарурӣ андешем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд