03 Ноябр 2014
Дар он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Носирҷон Салимов, шарқшиноси варзида аз кишвари Олмон Александр Ҳайзер, адабиётшинос ва рӯзноманигори маъруф аз кишвари Ҳоланд Меҳдии Ҷомӣ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмаисуф Имомов, донишмандону олимон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва донишгоҳҳои дигари кишвар ташриф овардаанд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронии худ изҳор дошт, ки бузургдошти шахсият, мероси маънавии мутафаккирону суханварони илму адабиёти тоҷику форс имрӯз дар низоми сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои меҳварӣ қарор гирифта, дар заминаи таваҷҷӯҳ бар он падидаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқиву адабӣ рӯи кор меоянд.
«Дар навбати аввал ин аркони муҳими сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳии маънавӣ, эҳёи мероси ғаноманди гузаштагон аз сар гирифта шуда, ҳамзамон омӯзишу таҳқиқ ва шинохти офаридаҳои ин бузургони адабиёт ва фарҳанги миллати мо барои тарбияи аҳли ҷомеа ва раҳнамову ҳидояти мардум ба сӯи расидан ба арзишҳои олии инсониву ахлоқӣ мусоидат хоҳанд намуд» - иброз дошт, Раиси вилоят.
Зикр гардид, ки таҷлили ҷашнвораҳои бузурги миллати мо бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонӣ аз тарафи Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО дар саросари ҷаҳон ҳамчун падидаҳои фарҳанги умумибашарӣ мутантан ҷашн гирифта шуданд. Дар идомаи ҳамин иқдомоти созандаву сиёсати маънавиасоси Сарвари давлат давоми солҳои 2014 - 2015 низ якчанд ҷашнвораҳои дигар, ки ба мероси маънавӣ ва таърихии миллат вобастагии амиқ доранд, боз ҳам аз тарафи созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО сабти ном гардидаанд, ки 700 - солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 3000 - солагии Ҳисори Шодмон ва 100 - солагии оҳангсози соҳибноми тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад.
Раиси вилоят инчунин гуфт, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс аз ҷумлаи камтарин суханварони сермаҳсул, соҳиби таълифоти фаровон дар назму наср ба шумор рафта, бо эҷоди мероси гаронмоя ва беназир чеҳраи хешро ҳамчун мутафаккир, файласуф ва ҷомеашинос, шоири тавоно, нависандаи чирадаст ва хулоса инсоне фавқулодда ва ороста бо тамоми фазилатҳои инсониву ахлоқӣ нишон дода, барои ҳамзамонон ва пасовандонаш ҳамчун симои инсон ва адиби ормонӣ шинохта шуд.
Абдураҳмон Қодирӣ дар охир ба кори ҳамоиши байналмилалии «Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо» барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар ҳамоиш ҳамзамон академик Носирҷон Салимов, шарқшинос Александр Ҳайзер, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон М. Имомов, мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нуров маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Ҳамоиши мазкур дар шаш бахш - «Абдураҳмони Ҷомӣ ва суннатҳои адабии асри ХV», «Мероси илмӣ-адабии Абдураҳмони Ҷомӣ», «Абдураҳмони Ҷомӣ: Пайвандҳои адабӣ ва адабиёти татбиқӣ», «Абдураҳмони Ҷомӣ ва масъалаҳои забоншиносӣ», «Таърих ва фарҳанги замони Абдураҳмони Ҷомӣ» ва «Сиёсат, фалсафа иҷтимоиёт ва ахлоқ» идома хоҳад ёфт.
Санаи 4-уми ноябри соли равон, соати 14.00 бошад дар толори маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳ ҷаласаи хотимавии ҳамоиш баргузор мегардад.