(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кормандон ва собиқадорони соҳаи нақлиёти автомобилиро ба муносибати Рўзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ муборакбод намуда, тансиҳатӣ, табъи болидаю рўзгори обод ва дар фаъолияти минбаъда ба хотири рушду пешрафти соҳа комёбиҳои назаррасро таманно менамоям.

Дар байни халқи мо бунёди роҳ ва осон намудани мушкилоти одамон яке аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, сохтмону азнавсозӣ ва таҷдиди роҳҳои кишвар бо мақсади аз бунбасти нақлиётӣ раҳо додани Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат амалӣ карда мешавад. Зеро роҳҳо ҷузъи ҷудоинопазири ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва унсури муҳими таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб рафта, барои баромадан ба кишварҳои олам имконият фароҳам месозанд. Дар навбати худ мавҷудияти роҳҳои муосиру муҷаҳҳаз омили асосии рушди иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии сокинони кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар ин раванд, яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар мутобиқ гардонидани роҳҳо ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, омода намудани мутахассисони соҳа ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингард мебошад.

Маълум аст, ки ронандагӣ ҳамчун шуѓли дўстдоштаи ҳар як нафар маҳсуб ёфта, дар баробари иҷрои касбу кори мухталиф, инчунин ин ҳунар касби дуюми аксари сокинон ба ҳисоб меравад.

Соҳиби чунин касб шудан аз инсон масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ахлоқиро талаб мекунад. Яъне идора намудани нақлиёт маънои бо қоида ва тартиботи муқарраршуда пурра шинос будан ва риояи ҳатмии онро дорад. Зеро солҳои охир бо сабаби афзоиши бемайлони шумораи воситаҳои нақлиёт ҳолатҳои зиёди садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки як сабаби он дар сатҳи нокифояи омода шудани ронандагон дар муассисаҳои таълимии нақлиётӣ мебошад.

Бояд дар барномаҳои таълимии муассисаҳои мазкур дар баробари нозукиҳои касби ронандагӣ устодону коршиносон ба тарбияи ахлоқии ронандагон, аз ҷумла муносибат бо атрофиён ва пиёдагардону ноболиѓон эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Вобаста ба ин, итминон дорам, ки тамоми алоқамандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ вазифаҳои худро сарбаландона иҷро карда, сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам беҳтар намуда, дар тараққиёти минбаъдаи соҳа ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Иди касбӣ муборак, кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...