15 Июл 2023
Имрӯз дар Кохи "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд дар доираи чорабиниҳои Корвони "Модарони ваҳдатсаро" конфронс таҳти унвони "Бузургии модарон дар Ваҳдат аст" баргузор гардид.
Дар конфронс Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, Ходими давлатию ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова, ҳайати Корвони «Модарони ваҳдатсаро», бонувони фаъоли шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили нерӯманди иттиҳоди ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод. Ва имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба таҳқиқ ва тарғиб карда шавад. Дар ин замина, мо бояд дар шуури наслҳои имрӯзу оянда ғояҳои саодатбахши расидан ба қадри истиқлолият ва сабақҳои сулҳу ваҳдатро тавассути барномаҳои фарогир дар байни мардум, алалхусус насли ҷавони кишвар беш аз пеш тарғибу ташвиқ намоем ва ин иқдомро пайваста вусъат бахшем. Тақозои замон низ ҳамин аст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ чун қисми таркибиву тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.