08 Июл 2023
Дар Кохи «Суруш»-и пойтахт бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими қадршиносии Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас» баргузор гардид ва хонандаи мактаби мусиқии ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд Шукруллобек Маҳмудов дар номинаи вокал мақоми ааввалро ба даст овард.
Шукруллобек Маҳмудов бо хондани суруди машҳури “Зулфи парешон” бо истеъдоди нотакрораш ҳамагонро ба ваҷд овард.
Дар маросими пӯшидашавии Фестивали мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии дахлдор, ҳайати ҳакамони озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон ва наврасони эҷодкору соҳибистеъдоди дохилу хориҷи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода оғоз намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирокчиёни Фестивал расонида, бори дигар меҳмононро ба Тоҷикистон ва Душанбешаҳри дилоро хайрамақдам гуфт.
Сипас, маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон, аз рӯйи номинаи вокал, хореография ва навозандагӣ баргузор гардида буд, доир гардид. Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукоти Фестивал қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдрас бояд шуд, ки дар «Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон — «Истеъдодҳои наврас» ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасон аз шаҳрҳои Екатеринбурги Федератсияи Русия, Тошкант, Нукус ва Намангони Ҷумҳурии Узбекистон, Ашхободи Туркманистон, Туркия, Покистон, Ҳиндустон, наврасони соҳибистеъдоди Афғонистон, вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз марказҳои эҷодии таҳсилоти иловагӣ ва студияву ансамблҳои бачагона иштирок доштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи ғолибони Озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд, ки писанди ҳамагон гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд