29 Октябр 2014
Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд ба ҷамъомадагон аз натиҷаҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр дар 9 моҳи соли 2014 маълумот дода шуд.
Маҳаллаи мазкур наздик 8 ҳазор аҳолӣ дошта, дар доманаи кӯҳи Мевағул ҷойгир аст.
Дар мулоқоти қаблӣ бо Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сокинон 11 дархост пешниҳод гардида буд, ки то имрӯз 9 дархост ҳалли худро ёфта 2 дархости дигар мавриди баррасӣ қарор дорад.
Аз ҷониби сокинони маҳалла дар бораи гузоштани қуттиҳои партов, беҳтар намудани вазъи обтаъминкунӣ дар маҳаллаи «Чашма-3», сохтани пайроха ва чароғонкунӣ дар роҳи асосии маҳалла, ташкили таваққуфгоҳ барои нақлиёти мусофиркашонии самти Беморхонаи вилоятӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат карда шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар мавриди сохтани чойхонаи маҳалла, боғчаи бачагона ва таъмири роҳҳо дар маҳаллаи мазкур ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ бо муқаррар намудани мӯҳлати иҷроиш, дастуру супоришҳо дод. Раиси кумитаи маҳаллаи «Чашмаи арзана» Фаррух Нурматов барои ҳалли саривақтии чанд мушкилоти сокинони маҳалла аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд изҳори сипомандӣ намуданд.
Раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷи Ҳусейн Мусозода ва раиси Шӯрои бибиотунҳои шаҳр Мастура Темирова бобати одобу фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва риояи рукнҳои мазҳаби Ҳанафӣ баромад намуданд.