02 Июнь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Дар КВДК “Хуҷандобуканал” бахшида ба Рўзи кормандони соҳаи коммуналӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Хайрулло Бобоев, директори генералии КВДК “Хуҷандобунакал” тамоми кормандони соҳаи обрасониро бо идашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки беҳдошт, ободонӣ, гулу гулзор, кабудизоркунии шаҳр ва болидарӯҳии ҳар як сокини он, аз кори пурсамари мову Шумо вобастагии калон дорад. Инчунин, ҳамагон хуб медонем, ки об яке аз боигариҳои беназири сайёра ба ҳисоб рафта, он ба ташаккули ҳаёти солим ва зиндагии комилу арзандаи сокинони он мусоидат менамояд. Дар ҷое, ки об ҳаст он ҷо зиндагӣ бо файзу бобаракат мебошад.
Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз рӯйи захираҳои об дар ҷойи аввал меистад. Дар ҷумҳурӣ 947 дарё ҷорист. Қариб шаш фоизи масоҳати кишварамонро пиряхҳо ташкил додаанд. Ҳамчунин 1300 кӯл мавҷуд аст. Ва Тоҷикистон чун яке аз давлатҳои ташаббускори ҷаҳон дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалии об мебошад. Маҳз бо ташаббусу кӯшишҳои бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун диёри обҳои зулол шинохта шудааст. Сарвари давлат ҳамчунин ташаббускори таъсиси хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошанд. Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, пешоҳанги ҳаллу фасли масоили об, проблемаҳои экологии сайёра мебошанд. Ҳанӯз соли 2003-юм аз минбари СММ Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд: «Ҳамагон бояд бидонем, ки қимати об аз нафту газ ва дигар захираҳои сӯзишворӣ ва манбаъҳои нерубахш барои устувории ояндаи кишварҳои минтақа камтар нест».
Оре, «Об ва ҳаёт» ё «Обу ободонӣ» гуфтаанд. Оянда низ одамон дар рӯйи замин ба шарофати ин неъмати худодод ҳаётро идома медиҳанд. Худи одамизод низ офаридаи оби пок аст ва ними ҷисми моро об ташкил намудааст.
Сипас, Олимҷон Қобилов, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи саноати хоҷагию манзилии коммуналии вилоят кулии кормандони КВДК “Хуҷандобуканал”-ро бо иди касбишон таҳният гуфт.
Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор фаъолони соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд