24 Май 2023
Недоступен ни однин перевод.
Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №24-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Донояк» байни тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ баргузор гардид.
Ҷоиз ба зикр аст, ки иштирокчиёни озмун аз рӯйи шартҳои саломнома ва муаррифии он, қироати шеъри кӯдакона, бозидани нақшаи асосӣ аз рӯйи қаҳрамонҳои «Афсонаҳои халқи тоҷик» ва суруд ё рақс дар оҳанги мусиқии миллии кӯдакона бо ҳам рақобат намуданд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамот Шоҳҷоиза насиби дастпарвари МТТ №33-и шаҳри Хуҷанд Маҳбубахон Абдуллозода гардид.
Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти насли наврас, ташаккули ҷаҳонбинии худфаъолиятӣ, эҷодкории кӯдакон баргузор карда шуд.