23 Май 2023
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони маъюбу камбизоати шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдвс Шарифзода аёдат ва ба эшон ҳадяҳои идона тақдим карда шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки бо ҳидоятҳои раъиятпарваронаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумо ҷавонон ҳамеша зери парастиш ва таваҷҷуҳи хоса қарор доред. Имрӯз рӯзи ид аст, шодиву хурсандӣ намоед. Мусаллам аст, аёдати бечорагон, барҷомондагон, ятимону маъюбон, оилаҳои бепарастору камбизоат ва дигар ниёзмандон дар рӯзҳои ид савоби бештар дорад. Аз ин лиҳоз мо ба манзили шумо омадем.
Ҳамин тавр, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Сайёра Баҳодурзода, маъюби гуруҳи якум, сокинони маҳаллаи Навбаҳор, ки муаллифи беш аз 7 китоб аз қабили “Шукуфаҳо”, “Оина меҳр”, Дурахши ахтарон”, “Султони қалбам”, “Умеди висол” ва ғайраҳо мебошад ва сокини маҳаллаи “Сирдарё”, маъюби гуруҳи якум Зафарҷон Холматов низ аёдат карда шуданд.
Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, зикр намуданд, ки мо ҳеҷ гоҳ худро танҳою бекас ҳис намекунем.
Диламон пур аст, ки Пешвои ғамхору мӯнис ва роҳбарони оқилу саҳоватпеша дорем. Хайру эҳсони шумо ба рӯзгоратон барака орад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд