22 Май 2023
Дар МТХ «Литсейи Рустамов» Рӯзи дарҳои кушод ва маҷлиси умумимуассисавӣ гузаронида шуда, устодон ва хонандагони муассиса дар назди падару модарон аз дастовардҳо ва дониши худ ҳисобот доданд.
Аз ҷумла таъкид шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки омӯзиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» хонандагони синфи 9 дар назди падару модар оид ба аҳамият ва мақсади Қонуни мазкур, вазифа ва ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, уҳдадориҳои падару модар, уҳдадориҳои фарзанди болищу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар, уҳдадориҳои омӯзгор, мақоми давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд, аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ бо роҳбарии омӯзгор Қурбонова Ш.М. дарси ҳисоботӣ доданд.
Инчунин бо иштироки хонандагони синфи 7 маҳфили физикони ҷавон бо роҳбарии омӯзгори пуртаҷриба Зарипов М., дарсҳои кушод аз фанни химия дар синфи 10 омӯзгор Шафиев Н., аз фанни забони англисӣ дар синфи 3 омӯзгор Тӯрахӯҷаева Н., аз фанни математика дар синфи 1 “Б” омӯзгор Ғаффорова С., аз фанни табиатшиносӣ дар синфи 1 “А” омӯзгор Убайдуллоева М., аз фанни метематика дар синфи 5 омӯзгор Шарипова Г., аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар синфи 8 омӯзгор Ҷӯраева М. дарси ҳисоботии хонандагони синфи 4 омӯзгор Мирзоҷонова Д. ва соатҳои тарбиявӣ дар синфи 6 дар мавзӯи «Касби ман-ифтихори ман» бо роҳбарии роҳбари синф Исобоева М. ва дар синфи 11 дар мавзӯи «Терроризм ва экстремизм – падидаҳои номатлуб» бо роҳбарии роҳбари синф Рустамова М.Ю. гузаронида шуданд.
Дар маҷлиси умумимуассисавии падару модарон директори муассиса Шамсия Қурбонова масъалаҳои аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, риояи Дастурамали қоидаҳои талабагӣ ва иҷроиши толаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баррасӣ гардиданд.
Зикр шуд, муассисаи таълимии хусусии "Литсейи Рустамов" дар оянда низ дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи кори худ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, то сатҳи сифати таълиму тарбия баланд бардошта шуда, барои тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ саҳми арзандаи хешро гузорад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд