27 Октябр 2014
Дар мавсими имсола низ бо ташаббуси Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи истироҳат кормандони Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд роҳбарият ва кормандони тамоми воҳидҳои сохторӣ, ташкилоту муассисаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият ба кӯмаки пахтакорони Асотсиатсияи-илмию истеҳсолии ба номи Р. Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтанд. Аз субҳи барвакт 1300 нафар ҳашарчиён бо роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо азму ғайрати дучанд пахта чида, дар ҳавои мусоид барои бо сифат ҷамъоварӣ намудани ҳосил саҳм гирифтанд. Ҳосили ҷамовардаи онҳо наздик 17 ҳазор килограммро ташкил дод, ки саҳми назарраси сокинони шаҳр барои иҷроиши нақшаи солонаи деҳқонон аст.
Дар интиҳои рӯз Раҷаббой Аҳмадзода кулли ҳашарчиёнро барои дастгирии иқдоми пеширифтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавриди расондани кӯмак ба пахтакорон сипосмандӣ намуд.
Лозим ба қайд аст, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бошад, 500 нафар кормандони муассисаҳои томактабии шаҳр дар хоҷагии мазкур 4500 килограмм пахта ҷамъоварӣ намуда, ба хирман рехтанд.
Ба роҳбарият ва намояндагони корхонаю ташкилотҳое, ки дар ҳашари пахтачинӣ иштирок намуданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Аз ҷониби бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барномаи консертӣ пешкаш гардид.