16 Май 2023
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Комиссари олии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдураҳмоновро бо ҳайати ҳамроҳонаш ба ҳузур пазируфт.
Нахуст Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба меҳмонон дар бораи таърихи куҳани Хуҷанди бостонӣ маълумот дода, ҳамзамон роҷеъ ба корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад.
Таъкид шуд, ки шаҳри Хуҷанд махсусан дар замони Истиқлолият бо таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша рушд намуда, ба яке аз шаҳрҳои ободу зебои минтақа мубаддал гардидааст.
Комиссари олии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдураҳмонов барои қабули самимӣ изҳори миннадорӣ намуда, таъкид дошт, ки бори аввал ба ин шаҳри бостонӣ, дар чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим ҷойгир аст, меҳмон шудааст. Шаҳри орому зебо ва дилфиреб ӯро мафтун намудааст. Мушоҳида кардааст, ки дар шаҳр тамоми соҳаҳо фаъол ва пешравиҳо низ назаррасанд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масоили мавриди таваҷҷуҳро низ баррасӣ намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд