15 Май 2023
Бо мақсади дарёфт ва муаррифӣ намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони боистеъдод, навовару эҷодкор, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарин дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023" баргузор гардид, ки дар он аз 4 нафар ғолибони даври ниҳоии озмун иштирок намуданд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамот ғолибият насиби омӯзгори фанни математикаи гимназияи №24 Шоира Охунова гардид.
Дар ин озмун омӯзгори синфҳои ибтидоии литсейи ДДҲБСТ Мунира Сатторзода ҷои дуюм ва мақомҳои сеюмро омӯзгорони МТМУ12 Муяссар Шодиева ва гимназияи №13 Фарзона Саидкамолзода ба даст оварданд.
Шоира Охунова ғолиби даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023" дар давраи вилоятии озмуни мазкур ширкат хоҳад намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд