13 Май 2023
Недоступен ни однин перевод.
Дар тарабхонаи “Сайҳун”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки оилаҳои фаъоли маҳаллаҳо, собиқадорони арсаи меҳнат маҳфили фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи оила баргузор гардид.
Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ба самъи ҳозирин номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро бахшида ба Рўзи байналмилалии Оила расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Бузургон оиларо шоҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумўи миллат номидаанд. Оила дар фарҳанги мардуми кўҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Мақоми оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳар халқу миллат аҳамияти хоса дошт”.
Таъкид гардид, ки мо тоҷикон соҳиби анъанаи хуби оиладорӣ мебошем, ки он ҳамаи масоили марбут ба оила ва муносибату муоширати байни аъзои оиларо дар бар мегирад, ки риояи он имкон медиҳад, оилаҳои босуботу пойдор ва хушбахт бештар шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, оид ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдорию устувории оила таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла қайд намудаанд: «Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад ва бидуни оилаҳои мустаҳкаму муқтадир ҷомеаи беолоиш вуҷуд дошта наметавонад».
Воқеан ҳам, таъмини солимии се сарҳалқаи бунёдии рўзгори башарӣ - Инсон, Оила ва Ҷомеа амри иҷропазир аст.
Зикр шуд, ки гиромидошти оилаи муосир, ин рў овардан ба фарҳанги аҷдодӣ ва асолати миллӣ буда, моро ба суннатҳои халқи куҳан мепайвандад, то ки ба ташаккули ҳар оилаи ҷавон эътибори ҷиддӣ диҳем, бунёди онро мустаҳкам намоем ва ба дунёи пурасрори рўзгордорӣ бо тафаккури нав ворид гардем. Оила гурўҳи хурди ҷамъиятист, ки бо никоҳи қонунӣ асос ёфта, аъзои онро ҳамхунию хешутаборӣ, умумияти ирқию нажодӣ, меҳнат барои зист, беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва масъулияти муносибати неки байниҳамӣ пайванд сохта, ҳамчун қисми муҳими таркиби иҷтимоии ҷомеа ва воситаи иҷрои вазифаҳои муайян дар инкишофи ҳаёти ҷамъият нақши муҳим мебозад. Дар Машриқзамин мард такягоҳи оила буд, зан ва фарзандонашро аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳифз менамуд. Зан ҳамчун ҳамсари вафодор ҳаматарафа мардро дастгирӣ намуда, дар оила асосан ба тарбияи фарзанд машғул мешуд.
Сипас ба як қатор оилаҳои намунавии шаҳр, ки дар ҷомеа бо кору пайкори хеш намунаи ибратанд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр тақдим карда шуд.
Барномаи фарҳангии аҳли санъати шаҳр табъи ҳозиринро болида намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд