10 Май 2023
Недоступен ни однин перевод.
Як сол муқаддам Бахтиёр Маҳмадиев, мудири шуъбаи гигиенаи хўрокаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз нахустин шумораи ҷавонони ватандўст, меҳанпарвар, садоқатпешаи шаҳри Хуҷанд буд, ки баробари оғози даъвати баҳоронаи наваскарон ба комиссариати ҳарбӣ рафта, ариза навишт, то ин ки дар ҳифзи Ватан дарси мардонагӣ омўхта, аз имтиҳонот ҳаёт гузарад.
Ва имрўз Бахтиёр сарбаландона аз хизмати ҳарбӣ баргашт ва ҳамкоронаш ўро самимона дар даромадгоҳи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр пешвоз гирифтанд.
Сардори Марказ Азаматхўҷа Воҳидов бозгашти Бахтиёрро аз дарси мардонагӣ барои дигар ҷавонони ин муассисаи тандурустӣ намунаи воқеии ватандўстӣ арзёбӣ карда, ифтихор аз он дорад, ки дар Марказ чунин ҷавонони ватандўст зиёданд. Ва дар оянда Бахтиёр Маҳмадиев зимни фаъолият дар вазифаи мудири шуъбаи гигиенаи хўрока ба дигар ҷавонон низ дарси ватандўстию меҳанпарвариро меомўзонад.
Бахтиёр Маҳмадиев ҳифз ва ҳимояи Ватан, муҳофизати арзишҳои миллӣ, масъул будан дар оромию осоиштагии кишвар вазифаи ҷонии ҳар як ҷавони баору номус медонад ва аз эшон даъват мекунад, шароити хизматро бо чашмисар бинанд.
Бахтиёр мегўяд, ки ў зимни хизмати ҳарбӣ дар қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр чиро омўхтааст. Қадри падару модар, наздикон, пайвандон ва ҳамкорон расиданро омӯхтааст.
Ин ҷавони бедордилу ғаюр бар он андеша аст, ки бояд шукрона аз ин давлату миллат намуда, сарбаландона дар давлати тинҷу ором хизмат намуда, дар канори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии сарзамини аҷдодиямон саҳмгузорӣ намоем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд