04 Апрель 2013
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотро, ки бо сафари корӣ ба Хуҷанд омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва густариши онро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамкориҳои босамари Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар самтҳои мухталиф, бахусус соҳоти иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ махсус қайд намуданд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов зимни мулоқот таъкид дошт, ки дар бобати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ба манфиати кор хоҳад буд. Сюзан Эллиот бо ишора бар он, ки дар муддати сафириаш дар Тоҷикистон бори аввал ба вилоят, минҷумла шаҳри Хуҷанд ташриф овардааст, таъкид намуд, ки ба масъалаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла ба рушди соҳаи саноати сабук, густариши ҷомеаи маданӣ, озодии баён, мусоидат дар рушди маорифу фарҳанг таваҷҷӯҳи бештар хоҳад кард.
Хотиррасон мекунем, ки Сюзан Эллиот 3-юми апрел бо сафари серӯзаи корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар ҷараёни ин сафар субҳи 4-уми апрел бо Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода мулоқот намуд ва аз «Гӯшаҳои Амрико» дар Хуҷанд дидан кард. Дипломати амрикоӣ, ҳамчунин аз корхонаҳои саноатӣ ва ёдгориҳои таърихии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард.