24 Октябр 2014
Маълумот аз натиҷаҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр дар 9 моҳи соли 2014 аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд ифтитоҳи ин вохӯрӣ буд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳоло дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷроиши барномаи роҳҳои обод 85 км роҳ таъмир карда шуданд, ки аз он 35 километрашро таъмири куллӣ ташкил медиҳад. Ҳоло аз 17 кӯчаи мавҷуда, 5 кӯчаи маҳаллаи мазкур аз таъмири пурра бароварда шуданд, ки он 2,6 км ташкил медиҳад. Ҳоло нақшаи марҳила ба марҳила аз таъмир баровардани кӯчаҳои маҳалла омода карда шудааст, ки соли оянда низ ин кор идома дода мешавад. Дар маҳалла се ташкилоти динӣ,- аз он ҷумла ду ташкилоти динии масеҳӣ амал мекунад. Дар ҳудуди маҳаллаи «Сайҳун» 5100 нафар аҳолӣ буда, 800 оиларо дар бар мегирад.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба раиси маҳалла ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки барои ҷалби ҷавонон ва шахсони бешуғл ба чорабиниҳои оммавии варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ, озмуни шоҳмоту шашка маҳфилҳои дӯзандагию сӯзанидӯзӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шавад.
Дар ҳамин замина бобати одобу фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва риояи рукнҳои мазҳаби Ҳанафӣ, имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Бобохоҷа» Муҳаммадҷон Усмонов баромад намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулин супориш дод,ки аз ҳоли се нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании маҳалла, ҳамарӯза огоҳ бошанд. Барои муолиҷа, нигоҳубин ва таъмини доруворӣ тамои шароитҳоро фароҳам оранд.
Дар баробари ин Раиси маҳаллаи мазкур В Ҳасанов барои огоҳӣ аз таъмини иҷтимоии 6 оилаи камбизоати маҳалла вазифадор гардид.