15 Апрель 2023
Недоступен ни однин перевод.
Баъди нашри маводи интиқодии Алия Хамидуллина дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук доир ба муносибати бераҳмона бо саг ва овезон намудани ҷасади он дар сутунпояи барқии баландшиддат бо супориши сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Илҳом Қосимзода он аз ҷониби кормандони мақомоти дохилаи шаҳр фавран мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.
Маълум гардид, ки ба ин амал фарзанди шаҳрванд Эламатов Ғайрат Мусурмонқулович, ст.1984, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамоати деҳоти Д.Холматов: ноболиғ Э. А. бо ҳамсинфаш Х. С. хонандагони синфи 6, ҷамоати мазкур даст зада, ин ноболиғон ҳангоми чаронидани мол дар теппагиҳо саги мурдаро ёфта ба чароғпояи баландшиддат овезон намудаанд.
Аз ҷониби кормандони ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд маводҳои санҷиширо барои ҳуҷҷатгузорӣ намудан аз рўйи тобеъияти ҷойи воқеа ба кормандони ШММ “Сомғор”-и ШВКД-1 н.Б.Ғафуров супорида шудааст.