23 Октябр 2014
Раиси шаҳр дар оғози сӯхбат Валерий Бондаренкоро дар ин симматаш табрик намуд.
Валерий Бондаренко изҳор дошт, ки дар вазифаи худ мекӯшад барои рушду ривоҷи самтҳои мухталифи соҳаҳои шаҳри Хуҷанд дар заминаи ҳамкории маркази вилоят бо минтақаҳои Федератсияи Россия мусоидат намояд.
Раҷаббой Аҳмадзода оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр маълумот дода, захираю имкониятҳои мавҷудаи шаҳри Хуҷандро дар самти саноати сабук, коркарди мева, табодули таҷрибаи соҳибкорон, зикр дошт. Аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ имкони содири матои пахтагӣ, либосҳои кӯдаконаро дошта, қодиранд талаботи сифат ва миқдору ҳаҷми дархостиро комилан қонеъ намоянд.
Таъсиси корхонаи муштараки коркарди мева дар заминаи коргохи консервабарории шаҳри Хуҷанд чун яке аз имкониятҳои фаврӣ ва афзалиятноки таҳкимбахшандаи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо дар мавриди андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт ба мувофиқа расиданд.
«Баъди омӯзиши вазъи тараққиёт ва имкониятҳои шаҳри Хуҷанд ман эътимоди қавӣ пайдо кардам, ки равобити Хуҷанд бо корхонаю муассисаҳои Федератсияи Россия намунаи ҳамкорӣ барои дигарон хоҳад буд» -таъкид намуд консули генералӣ.