22 Октябр 2014
Ҳоло дар бинои мазкур ҳамарӯза то 100 нафар сохтмончиёну пардозгарон ва таъмиргарон фаъолият дошта, ҳуҷраҳои тиббӣ, саҳни ҳавлӣ азнавсозӣ ва гулкорӣ шуда истодаанд.
Роҳбарияти раёсати номбурда ният дорад то ҷашни 20 солагии қабули Сарқонуни Тоҷикистон онро мавриди истифода қарор диҳад. Пешбинӣ мешавад,ки баъди ба истифода додани он барои муолиҷаи шабонарӯзии 50 нафар кормандони ниҳодҳои қудратии вилоят,- корҳои дохилӣ, хадамоти гумрук, оташнишонҳо ва муҳофизони муассисаҳои ислоҳоти ҷазо имконият пайдо хоҳад шуд. Ҳамчунин дар муассисаи тиббии номбурда барои барқарор намудани саломатӣ ҳуҷраҳои тиббӣ амал намуда, таҷҳизоти нави муосир насб карда мешавад.
Барои ин зиёда аз 40 нафар табибон ба афсарону сарбозони ниҳодҳои номбурда хизмат мерасонанд.