(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо роҳбарият ва фаъолони шаҳрҳои Хуҷанду Бўстон ва ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ баргузор гардид.

Вохўриро Даврон Зоҳидзода, муовини Раиси вилояти Суғд ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки ҷаласаи мазкур ба мавзуоти мубрами рўз, аз ҷумла пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ, вазъи иҷрои қонунгузории замин, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ, таҳкими фаъолият оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории наваскарон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бахшида мешавад.

Нахуст оид ба масъалаҳои номбаршуда Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид. Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, алайҳи ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа дастҷамъона мубориза барем.

Таъкид гардид, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, фаъолонро зарур аст, ки бетарафӣ зоҳир накарда, бо мақомоти дахлдор ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гаравидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Прокурори генералӣ вобаста ба даъвати баҳоронаи наваскарон ба сафи Артиши миллӣ, аз ҷумла зикр намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад. Бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо ва ҷиҳати сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таъкид карда шуд, ки бояд чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон ва ташкили босамари кори комиссияҳои даъватӣ дар сатҳи баланд ва мувофиқ ба меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳа роҳандозӣ карда шавад, то ки беҳтаринҳо ва пеш аз ҳама, нафарони руҳану ҷисман солим ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.

Ҳамзамон роҷеъ ба масоили омӯзиши ҳаматарафаи захираҳои даъватӣ, мутобиқ ба талаботи қонунгузории низомӣ ба роҳ мондани тайёрии тодаъватии ҷавонон баҳри адои хизмати ҳарбӣ, омода намудани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонони синни даъватӣ, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти вобастаи давлатии даъват ва ҷоннок намудани корҳои мақсаднок дар ҷараёни ин маърака андешаронӣ карда шуд.

Сипас, Котиби Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода низ доир ба мавзуҳои матраҳшуда баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.

Дар шароити ҳассоси имрӯза таҳкими амнияти миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, сабаби ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм қарор дошта, онро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва ҷаҳон медонад.

Зикр гардид, ки вобаста ба вазъияти минтақа ва ҷаҳон масъалаҳои муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм аҳаммияти торафт мубрам пайдо карда истодаанд. Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир бояд ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ҳисси баланди миллӣ ва пешгирӣ кардани шомилшавӣ ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Сипас ҳисоботи Раисони шаҳрҳои Хуҷанду Бўстон ва ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ доир ба мавзуъоти баррасишуда шунида шуд.
Раиси Шўрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода ва декани факултети филологияи тоҷики ДДХ баноми академик Бобоҷон Ғафуров Замира Ўлмасзода баргузории чунин мулоқотҳоро амри зарурӣ дониста, ҳозиринро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои ироагардида даъват намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...